Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
122 ҳолати фурӯши машруботи спиртӣ ва маҳсулоти тамоку ба ноболиғон ошкор гардид
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар шаш моҳи сипаригардида 122 ҳолати фурӯши машруботи спиртӣ ва маҳсулоти тамоку ба ноболиғон ба қайд гирифта шуд.
Манбаъ меафзояд, ки дар давраи ҳисоботӣ 912 адад чилим (калян) ва сигорҳои электронӣ дарёфт ва мусодира гардид.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон тибқи талаботи моддаҳои 463 иловаи 2 ва 464-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Дар ин росто, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон, махсусан, соҳибкорон ва фурӯшандагони нуқтаҳои савдо даъват даъват мекунад, ки нисбат ба солимии насли наврас бетараф набошанд, талаботи қонунгузориро риоя намуда, аз фурӯши машруботи спиртӣ, маҳсулоти тамоку, сигорҳои электронӣ ва дигар воситаҳои барои саломатӣ зараровар ба ноболиғон худдорӣ намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад