Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Расонаҳои покистонӣ аз даргирии марзии Толибон ва марзбонони Покистон хабар доданд
Манобеи амниятии Покистон хабар додаанд, ки марзбонони ин кишвар дар посух ба ҳамлаҳои ҷангҷӯёни Толибон ба посгоҳҳои марзии Покистон, мавқеъҳои Толибонро ҳадафи ҳамлаҳои тӯпхонаӣ қарор додаанд.
Рӯзномаи “Дон”, рӯзи якшанбе, 19-уми июл гузориш додааст, ки ҷангҷӯёни Толибон ба посгоҳҳои марзбонии Покистон бо силоҳҳои сабук ва сангин ҳамла кардаанд.
Бар асоси гузориш, неруҳои амниятии Покистон дар вокуниш ба ҳамлаҳои гурӯҳи террористии Толибон, мавқеъҳои ин гурӯҳро дар ин сӯйи марз ҳадаф қарор додаанд.
Неруҳои амниятии Покистон муддаӣ шудаанд, ки дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона алайҳи Толибон, ҷангҷӯёни ин гурӯҳ аз мавқеъҳои худ фирор кардаанд.
Бо ин ҳол, ҷангҷӯёни Толибон аз замони тасаллути дубора бар Афғонистон, борҳо бо марзбонони покистонӣ даргир шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”