Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Марко Рубио: “Эрон аз тангаи Ҳурмуз ҳамчун фишанг истифода мекунад”
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, иддао кард, ки Эрон талош дорад аз тангаи Ҳурмуз ҳамчун абзори фишор дар ҷараёни даргириҳои ҷорӣ дар Ховари Миёна истифода кунад.
Рубио рӯзи якшанбе, 19-уми июл, афзуд, ки Эрон мехоҳад назорати ин тангаро ба даст бигирад ва аз он ҳамчун фишанг алайҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ истифода кунад.
Ӯ афзуд: “Иёлоти Муттаҳида он чиро, ки барои муҳофизат аз киштиронии ҷаҳонӣ лозим бошад, анҷом хоҳад дод, аммо кишварҳои дигар низ бояд гом бардоранд ва чӣ аз тариқи таҷҳизоти низомӣ ва чӣ манобеи молӣ, дар тақсими ин масъулият кумак кунанд”.
Вазири хориҷии Амрико гуфт, ки Вашингтон барои расидан ба як роҳҳалли дипломатӣ бо Эрон омода аст ва афзуд, ки агар дипломатия ноком бимонад, вазъият ба нафъи Теҳрон нахоҳад буд.
Рубио ҳамчунин, иддао кард, ки Эрон нишонаҳое аз тамоюли худ барои гуфтугӯ бо Амрико ирсол кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”