Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Мунтахаби Испания – қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон-2026
Дар даври ниҳонии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахабҳои Аргентина ва Испания бо ҳам рақобат карданд, ки бо ҳисоби 0:1 тими миллии Испания ғолиб омада, қаҳрамони ин мусобиқаи бонуфузи сайёра гардид.
Ҳарчанд алоқамандони футбол аз даври ниҳонии Ҷоми ҷаҳон-2026 футболи кушод ва серголро интизор буданд, вале ин тавр нашуд. Дастаҳо эҳтиёткорона бозӣ карданд ва ду қисми асосӣ бидуни гол ба анҷом расид. Дар қисмҳои иловагӣ ҳам оромии бозӣ нигоҳ дошта шуд ва дар дақиқаи 106-ум ҳамлагари мунтахаби Испания Ферран Торрес ҳисобро кушод ва ғалаби дастаашро таъмин кард.
Бояд гуфт, ки тими миллии Испания бори дуюм аст, ки қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон мешавад. Аргентина бошад, қаҳрамонии худро ҳимоя карда натавонист.
Ҳамин тавр, беҳтаринҳои Ҷоми ҷаҳон-2026 инҳоянд: беҳтарин бозингар – Родрӣ, беҳтарин бозингари ҷавон – П. Кубарси, беҳтарин дарвозабон – У. Симон ва беҳтарин нишонзан Килиан Мбаппе.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”