Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сенатори амрикоӣ: “Трамп бояд аз мақомаш барканор шавад”
Эд Марки, узви сенати Иёлоти Муттаҳида, пас аз изҳороти Доналд Трамп дар бораи натиҷаи интихоботи президентии соли 2020, хостори барканории ӯ аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ шуд.
Ба гузориши расонаи “Ҳилл” (The Hill), Марки, ки сенатори демократ аз иёлати Массачусетс аст, пас аз пахши суханронии Трамп аз Конгресс хост, ки раванди барканории раиси ҷумҳурро оғоз кунад.
Трамп дар ин суханронӣ бори дигар иддао кард, ки дар интихоботи соли 2020 тақаллуб сурат гирифтааст ва барои пуштибонии ин иддао ба асноде ишора кард, ки ба гуфтаи ӯ ахиран аз маҳрамият хориҷ шудаанд. Аммо мунтақидони ӯ аз ҳар ду ҳизби асосии Амрико мегӯянд, ки ин иддаоҳо то ҳол бо санадҳои муътабар исбот нашудаанд.
Марки дар паёме дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки Трамп бояд ба далели “тазъиф ва барҳам задани интихоботи озоду одилона” барканор шавад.
Ӯ ҳамчунин, гуфт, агар Трамп маъмурони Идораи муҳоҷират ва гумрукро ба ҳавзаҳои раъйдиҳӣ фиристад, эътирозҳои шаҳрвандӣ бояд густариш ёбанд. Марки аз иқдомҳое чун эътироз ва корпартоӣ ҳамчун роҳҳои муқобила ном бурдааст.
Дар бахши дигари суханронии худ, Трамп иддао кард, ки бар асоси асноди тозанашршуда, давлати Чин дар тӯли панҷ соли пас аз интихоботи соли 2020 ба 220 миллион парвандаи раъйдиҳандагони амрикоӣ дастрасӣ доштааст. Ӯ ҳамчунин, муддаӣ шуд, ки Пекин барои кумак ба Ҷо Байден дар интихоботи соли 2020 талош кардааст.
Бо вуҷуди ин, мунтақидони Трамп мегӯянд, ки маълумоти марбут ба раъйдиҳандагон дар Иёлоти Муттаҳида ба таври умумӣ дастрас аст ва иддаоҳои ӯ то кунун бо далелҳои мустақил тасдиқ нашудаанд.
Ба навиштаи “Ҳилл”, Эд Марки пештар низ аз мунтақидони сарсахти Трамп буда, дар моҳи апрел низ пас аз изҳороти раиси ҷумҳур дар бораи Эрон, хостори барканории ӯ шуда буд.
Марки акнун аз Маҷлиси намояндагон хостааст, ки банди барканориро тасвиб кунад. Ӯ ҳамчунин, аз кобинаи Трамп ва Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳур, хостааст бо истифода аз ислоҳи 25-уми Конститутсияи Иёлоти Муттаҳида, Трампро аз мақом канор гузоранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”