27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
18.07.2026 17:54

Ҳамлаҳои паҳподии Украина ба Русия: ҳафт коргар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд

Ба гузориши расонаҳои байналмилалӣ, мавҷи ҳамлаҳои паҳподии Украина дар Русия боиси кушта шудани ҳафт коргари анбор ва захмӣ шудани даҳҳо нафари дигар шудааст.

Хабаргузории “Рейтерз” рӯзи шанбе, 18-уми июл, ба нақл аз мақомоти маҳаллӣ гузориш дод, ки дар пайи бархӯрди паҳподҳои украинӣ ба як анбор дар шаҳри Котовск, 25 нафар захмӣ шуданд.

Евгений Первишов, раиси вилояти Тамбов, гуфт, ки паҳподҳои украинӣ ба як анбори мутааллиқ ба ширкати “Wildberries”, бузургтарин фурӯшгоҳи онлайнии Русия, дар шаҳри Котовск бархӯрдаанд ва дар натиҷаи он 25 нафар захмӣ шудаанд.

Ин шаҳр дар вилояти Тамбов ва дар ҳудуди 475 километрии ҷанубу шарқи Маскав ҷойгир аст.

Ҷанги Русия ва Украина, ки аз феврали соли 2022 оғоз шуд, ба яке аз бузургтарин даргириҳои низомӣ дар Аврупо пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ табдил шудааст.

Дар моҳҳои охир Украина бо истифода аз паҳподҳои дурпарвоз ҳамлаҳои худро ба минтақаҳои гуногуни Русия афзоиш дода, ҳадафҳое монанди таъсисоти нафтӣ, марказҳои низомӣ ва зерсохторҳои логистикиро мавриди ҳадаф қарор додааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.