Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҳушдори Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани навъи нави қаллобӣ
Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон навиштааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо эълонҳои бардурӯғ оид ба мусоидат дар гирифтани қарзҳои имтиёзнок паҳн гардида истодаанд.
Манбаъ афзудааст, ки барои фиреб додани шаҳрвандон қаллобон аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, логотип ва унсурҳои сохтаи расмӣ, фикру мулоҳизаҳои бардурӯғ ва ботҳои сохта истифода мебаранд.
Дар ин росто, Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ба чунин эълонҳо ва паёмакҳо бовар накунанд, ба шахсони ношинос ҳеҷ гоҳ маблағ интиқол надиҳанд ва маълумотро танҳо аз манбаъҳои расмӣ дастрас намоянд.
Дар иттилоия омадааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасонии бонкӣ анҷом намедиҳад, ба аҳолӣ қарз намедиҳад, барои интиқоли маблағ аз шаҳрвандон дархост намекунад ва тавассути паёмрасонҳо ҳуҷҷатҳои расмӣ ё шаҳодатномаи кормандонро ирсол намекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”