Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Пекин: Ҷаҳон набояд ба даврони “қонуни ҷангал” бозгардад
Си Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин, дар ҳошияи ифтитоҳи Нишасти ҷаҳонии ҳуши маснуъии соли 2026 дар Шанхай бо Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дидор карда ва таъкид кардааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд иҷоза диҳад ҷаҳон ба давраи “қонуни ҷангал” бозгардад.
Ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Чин, Си дар ин дидор бар эҳёи нақши Созмони Милали Муттаҳид ва пойбандӣ ба чандҷонибагароии воқеӣ таъкид карда ва гуфтааст, ки Пекин ҳамчунон аз ҷойгоҳ ва эътибори ин ниҳоди байналмилалӣ ҳимоят хоҳад кард.
Ӯ афзудааст, ки Чин барои пешбурди сулҳ, тавсеа ва эҷоди ҷомеае бо сарнавишти муштараки башарият, ҳамкории худро бо Созмони Милали Муттаҳид густариш хоҳад дод.
Раиси ҷумҳури Чин ҳамчунин, аз фаъолияти Антониу Гутерриш дар даҳ соли гузашта ситоиш карда ва гуфтааст, ки ӯ дар ҳимоят аз чандҷонибагароӣ, мубориза бо тағйироти иқлим, пешбурди ҳокимияти ҷаҳонӣ дар бахшҳои нав, аз ҷумла ҳуши маснуъӣ ва оғози ислоҳоти Созмони Милал нақши муҳим доштааст.
Си Ҷинпин таъкид кардааст, ки Чин дар солҳои ахир ҳамеша созандаи сулҳи ҷаҳонӣ, иштироккунандаи рушди ҷаҳонӣ ва ҳомии низоми байналмилалӣ будааст.
Ба гуфтаи ӯ, андешаи “ҷомеаи башарӣ бо сарнавишти муштарак” ва чаҳор ибтикори ҷаҳонии Чин низ барои тақвияти ҷойгоҳ ва эътибори Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шудаанд.
Раиси ҷумҳури Чин бо ишора ба печидатар шудани вазъияти байналмилалӣ гуфтааст, ки эҳтиром ба ҳокимият, тамомияти арзӣ ва ҳуқуқи қонунии ҳамаи кишварҳо, пойбандӣ ба усулҳои Оинномаи Созмони Милал ва ислоҳи ин ниҳод барои афзоиши самаранокии он, аз муҳимтарин аслҳо барои тақвияти нақши Созмони Милал мебошанд.
Ӯ ҳамчунин, таъкид кардааст, ки ҳамаи кишварҳои узви ҷомеаи ҷаҳонӣ баробаранд ва ҳокимият, тамомияти арзӣ ва ҳуқуқи қонунии онҳо бояд эҳтиром карда шавад.
Си Ҷинпин гуфтааст, ки ҳифзи усулҳои асосии Созмони Милал дар канори навоварӣ зарур аст ва ислоҳоти ин ниҳод бояд мутобиқ ба шароити нави ҷаҳонӣ анҷом шавад.
Ба гуфтаи ӯ, Чин талош дорад бо иқдомҳои амалӣ роҳи дурусти муносибат миёни қудратҳои бузургро дар давраи нав пайдо карда, ба субот ва эътимоди бештар дар ҷаҳон мусоидат кунад.
Дар ҳамин ҳол, Антониу Гутерриш бо ситоиш аз мавзеи Чин гуфтааст, ки Пекин ҳатто дар шароити душвори байналмилалӣ аз чандҷонибагароӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳимоят кардааст.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин, афзудааст, ки Чин дар бахшҳои коҳиши нобаробарии рушд, мубориза бо тағйироти иқлим, истифодаи масъулонаи ҳуши маснуъӣ ва ҳимоят аз адолат ва инсоф ибтикорҳои муҳимме пешниҳод кардааст.
Гутерриш таъкид кардааст, ки Созмони Милали Муттаҳид бо якҷонибагароӣ, ҳимоятгароӣ ва сиёсатҳои зӯргӯёна мухолиф буда, барои ҳифзи Оинномаи Созмони Милал, ҳуқуқи байналмилалӣ ва манофеи муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ талош хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”