27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
18.07.2026 12:08

Неруи дарёии Сипоҳ: Марказҳои пуштибонии Амрико дар Кувайт ва Баҳрайн ҳадаф қарор гирифтанд

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон эълом кард, ки неруи дарёии ин ниҳод як маркази иттилоотӣ ва як истгоҳи пуштибонии неруҳои Амрикоро дар Кувайт ва Баҳрайн ҳадаф қарор додааст.

Сипоҳ рӯзи шанбе, 18-уми июл дар иттилоияи шумораи 28-и худ, ки дар хабаргузории “Тасним” нашр шудааст, таъкид мекунад, ки истгоҳи пуштибонии сӯхти новгони Амрико, таваққуфгоҳи ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар, як маркази иттилоърасонӣ ва як маркази сигналӣ ва мухобиротии Амрико дар ҷараёни ҳамлаҳои паҳподӣ ва мушакӣ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.

Бар асоси ин иттилоия, истгоҳи пуштибонии сӯхти новгони Амрико дар бандари Ал-Аҳмадии Кувайт ва таваққуфгоҳи ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар минтақаи Шайх Исо дар Баҳрайн ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

Сипоҳ ҳамчунин, таъкид кардааст, ки маркази иттилоърасонии Амрико дар Баҳрайн, ки аз он бо номи “Бателко” ёд шудааст ва як маркази сигналӣ ва мухобиротии Амрико дар Кувайт низ тахриб шудаанд.

То кунун мақомоти Амрико, Кувайт ва Баҳрайн дар бораи ин изҳороти Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон вокуниши расмӣ нишон надодаанд ва  дар таъйиди он хабар мунташир нашудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.