27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
18.07.2026 11:14

Зиёда аз 7 миллион сомонӣ. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода зарари селро дар деҳаҳои Дарғ ва Каздон гуфт

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ки 11-ум ва 12-уми июл дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтуч рух дода буд, идома доранд.

Манбаъ навиштааст, ки тибқи ҳисоби пешакӣ дар маҷмуъ 65 хонаи истиқоматӣ зарар дидааст. Аз ҷумла, дар деҳаи Дарғ 46 ва дар деҳаи Каздон 19 хона аз обу лойқа осеб дида, 3 хона дар деҳаи Дарғ қисман ва 1 хона дар деҳаи Каздон пурра хароб гардидааст.

Афзуда мешавад, ки аз 117 иншооти ёрирасон, 25 адад пурра хароб шуда, 92 адади дигар зери лойқа мондааст. Дар натиҷаи офати табиӣ 98 қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 29,07 гектар замини кишоварзӣ, як қисми боғоту кишти картошка, ғалладона, сабзавот ва хӯроки чорво зарар дида, 14 сар чорвои майда талаф ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки ба инфрасохтори маҳал низ хисороти ҷиддӣ расидааст. Аз ҷумла, 31,11 километр ҷӯйбору канал, як пули одамгузар, 5 километр хатти интиқоли неруи барқ, 23 сутуни барқ, як трансформатор, як зеристгоҳи барқӣ ва 5,2 километр хатти оби нӯшокӣ осеб дидаанд. Ҳамчунин, аз 11 воситаи нақлиёти зарардида 7 адад пурра корношоям гардида, 4 воситаи дигар ба таъмири асосӣ ниёз доранд.

Иттилоъ дода мешавад, ки ҳаҷми зарари расонида зиёда аз 7 миллион сомонӣ арзёбӣ мегардад. Ҳаҷми ниҳоии зарар пас аз анҷоми пурраи барӯйхатгирӣ, ҳисобу китоби хисорот ва таҳияи хулосаҳои соҳавӣ муайян карда мешавад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.