Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Лавров: “Русия пешниҳодҳои Трамп дар бораи Украинаро пазируфта аст”
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, гуфтааст, ки Маскав пешниҳодҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаро дар бораи ҷанги Украина, ки дар нишасти соли гузашта дар Аляска матраҳ шуда буд, пазируфтааст.
Хабаргузории “ТАСС” рӯзи ҷумъа, 17-уми июл, гузориш додааст, ки Лавров дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, муттаҳидони аврупоии Трамп ва Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, талош мекунанд ӯро аз иҷрои ин пешниҳодҳо ноумед кунанд.
Лавров афзудааст, ки Русия пешниҳодҳои матраҳшуда дар нишасти Аляскаро пазируфта аст, аммо Аврупо ва Украина дар талошанд мавқеи Трампро тағйир диҳанд.
Ӯ гуфтааст, ки музокиракунандагони амрикоӣ бояд маъмуриятҳои муайяншуда аз сӯйи раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаро анҷом диҳанд ва Русия низ ба пешбурди аҳдофи худ идома хоҳад дод.
Вазири корҳои хориҷии Русия ҳамчунин, муддаӣ шудааст, ки ҳамаи талошҳои пешини ҳаллу фасли мусолиматомези ҷанги Украина ноком монда ва имзокунандагони тавофуқҳои қаблӣ ба уҳдадории худ амал накардаанд.
Лавров таъкид кардааст, Русия ба масире, ки пас аз нокомии роҳҳалҳои сиёсӣ оғоз кардааст, идома хоҳад дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”