Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Кремл иддаои Трампро қотеъона рад кард: “Дар интихоботи Амрико мудохила накардаем”
Кремл иддаои Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар бораи талоши Русия барои таъсиргузорӣ ба интихоботи ин кишварро қотеъона рад карда, таъкид намуд, ки Маскав ҳаргиз дар умури дохилии кишварҳои дигар мудохила накардааст.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, рӯзи ҷумъа, 17-уми июл дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт: “Мо ҳамаи ин иттиҳомҳоро қотеъона рад мекунем. Русия ҳеч гоҳ дар умури дохилии дигарон дахолат накардааст ва интизор дорад, ки ҳеч кишваре низ барои дахолат ба умури дохилии мо талош накунад”.
Ӯ афзуд, ки Доналд Трамп дар муаррифии Русия ҳамчун “таҳдид” барои интихоботи Амрико ба манобеи иттилоотии беном ва беасос истинод мекунад.
Песков ҳамчунин, ёдовар шуд, ки пештар дар Амрико чандин таҳқиқот ва баррасӣ дар бораи ин масъала анҷом шуда буд ва ҳамаи онҳо ба натиҷаи яксон расидаанд, ки Русия ҳеч гуна нуфуз ё мудохилае дар интихоботи Амрико надоштааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин натиҷагириҳо аз ҷониби ниҳодҳои амниятӣ ва иттилоотии Русия пешниҳод нашуда, балки комиссияҳои порлумонӣ ва Дафтари додситони кулли Амрико низ ба ҳамин хулоса расида буданд.
Ин изҳорот пас аз он садо дод, ки Доналд Трамп шаби панҷшанбе ба вақти шарқии Амрико иддао кард, арзёбиҳои иттилоотӣ нишон медиҳанд, ки душманони Амрико, аз ҷумла Русия, Чин, Эрон, Кореяи Шимолӣ ва бархе гурӯҳҳои ғайридавлатӣ, тавони нуфуз ба сохтори интихоботии Амрикоро доранд.
Пеш аз ин низ Лин Сзян, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, иддаои Трамп дар бораи мудохилаи Пекин дар интихоботи Амрикоро рад карда, онро “комилан сохта ва як туҳмати ғаразнок” хонда буд. Ба гуфтаи ӯ, Чин ба асли дахолат накардан ба умури дохилии дигар кишварҳо пойбанд аст ва ҳаргиз дар интихоботи Амрико мудохила накардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”