27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
17.07.2026 18:34

Чин иддаои Трамп дар бораи дахолати Пекин дар интихоботи Амрикоро рад кард

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин иддаои Доналд Трамп дар бораи дахолати Пекин дар интихоботи Амрикоро рад карда, онро “комилан сохта ва як туҳмати ғаразнок” хондааст.

Ба гузориши “Глобал Таймз” (Global Times), Лин Сзян рӯзи ҷумъа дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, ки Чин ҳамеша ба асли дахолат накардан ба умури дохилии дигар кишварҳо пойбанд буда, ҳеч таваҷҷуҳе ба интихоботи Амрико надорад ва ҳаргиз дар он мудохила накардааст.

Ӯ афзудааст, ки ҷомеаи байналмилалӣ хуб медонад кадом кишвар ба таври маъмул дар умури дохилии дигар давлатҳо мудохила мекунад, солҳои тӯлонӣ ҳукуматҳо, ширкатҳо ва шаҳрвандони одиро дар саросари ҷаҳон зери назорат қарор медиҳад ва маълумоти шаҳрвандони хориҷиро дар миқёси густурда ҷамъоварӣ мекунад.

Лин Сзян аз Амрико хостааст, ки дар рафтори худ бознигарӣ кунад, туҳматҳои беасос алайҳи Чинро поён диҳад ва аз истифодаи Чин ҳамчун мавзуи муборизаҳои интихоботии дохилии худ худдорӣ намояд.

Ин изҳорот пас аз он садо дод, ки Доналд Трамп дар як суханронии телевизионӣ иддао кард, Чин ба таври ғайриқонунӣ ба маълумоти 220 миллион парвандаи раъйдиҳандагони амрикоӣ, аз ҷумла номҳо, маълумоти тамос, гароишҳои ҳизбӣ ва дигар маълумоти ҳассос дастрасӣ пайдо кардааст.

Раиси ҷумҳури Амрико ин ҳодисаро “амали бесобиқа барои амнияти интихобот” тавсиф карда, иддао намуд, ки Чин кӯшидааст давлати нахустини ӯ ва корзори интихоботии соли 2020-ро заиф созад. Ба гуфтаи Трамп, Пекин ҳамчунин, барои таъсиргузорӣ ба интихоботи миёндавраии соли 2018, ки дар он демократҳо назорати Маҷлиси намояндагонро ба даст оварданд, иқдом кардааст.

Трамп, инчунин, Чинро муттаҳам кардааст, ки аз иртиботи худ бо ширкатҳои амрикоӣ истифода бурда, онҳоро “алайҳи ӯ” қарор дода ва барои ташвиқи рӯзноманигорони амрикоӣ ба нашри матолиби манфӣ дар бораи ӯ талош кардааст.

Ин изҳорот ду моҳ пас аз сафари Трамп ба Чин ва дидораш бо Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури ин кишвар, матраҳ мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.