Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳушдори Ироқчӣ: “Нуфузи Исроил дар Амрико ба зудӣ фош хоҳад шуд
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, таъкид кардааст, ки нуфузи Исроил дар сохтори қудрати Амрико ба зудӣ фош хоҳад шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Ироқчӣ бо ишора ба ончи “умқи нуфузи режими саҳюнистӣ дар сохтори қудрати Амрико” хондааст, гуфтааст, ки натиҷаи ин нуфуз ба зудӣ ошкор хоҳад шуд.
Вазири корҳои хориҷии Эрон афзудааст, ки ба амрикоиҳо пайваста дар бораи “нуфузи хориҷӣ” ҳушдор дода мешавад.
Ӯ ҳамчунин, гуфтааст, ки Исроил бо роҳандозии як корзор талош дорад давлати Амрикоро фиреб дода, онро ба ҷанги интихобие бикашонад, ки ба гуфтаи ӯ, “бефарҷом” хоҳад буд ва пирӯзие дар пай нахоҳад дошт.
Ироқчӣ ҳамчунин, Исроилро муттаҳам кардааст, ки аз пули андозсупорандагони амрикоӣ барои хомӯш кардани ҳар гуна садои интиқод дар дохили Иёлоти Муттаҳида истифода мекунад.
Ӯ дар поёни изҳороти худ таъкид кардааст: “Ҳамаи инҳо ба зудӣ бармало хоҳанд шуд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”