27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
17.07.2026 13:41

Покистон ва Чин хостори азсаргирии музокироти Амрико ва Эрон шуданд

Вазирони корҳои хориҷаи Покистон ва Чин хостори таваққуфи даргириҳо ва азсаргирии музокирот миёни Амрико ва Эрон шуданд.

Ба гузориши расонаи “Аш-Шарқ ал-Авсат”, Вазорати корҳои хориҷаи Чин бо ишора ба музокироти рӯзи панҷшанбе дар Шанхай дар баёнияе эълом кардааст, ки Ван И, вазири корҳои хориҷаи Чин ва Исҳоқ Дор, вазири корҳои хориҷаи Покистон, хостори оташбас ва азсаргирии гуфтугӯ миёни Амрико ва Эрон шудаанд.

Дар ин баёния омадааст, ки Ван И аз ҳамаи тарафҳо хостааст ба уҳдадории худ амал кунанд ва ба тавофуқномаи оташбас пойбанд бимонанд.

Ин дар ҳолест, ки Амрико аз 7-уми июли соли 2026 бо нақзи тавофуқномаи Исломобод ҳамлаҳои низомии худро алайҳи Эрон аз сар гирифта ва ба дастури Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, муҳосираи дарёиро низ дубора оғоз кардааст.

Бар асоси ин гузориш, бо азсаргирии ҳамлаҳои Амрико ва посухҳои дифоии Эрон ба пойгоҳҳои амрикоӣ, ки ба гуфтаи мақомоти эронӣ маншаи ин ҳамлаҳо будаанд, тангаи Ҳурмуз бори дигар ба маркази таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ табдил шудааст.

Амрико ҳузури худро дар минтақа бо баҳонаи ҳимоят аз “озодии киштиронӣ” тавҷеҳ мекунад, дар ҳоле ки Эрон таъкид дорад амнияти тангаи Ҳурмуз бояд бар пояи ҳамкории кишварҳои соҳилӣ ва бидуни мудохилаи низомии қудратҳои хориҷӣ таъмин шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.