Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Беш аз 11 ҳазор кас имтиҳон месупорад. Даври дуюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз шуд
Тибқи иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15-уми июл даври дуюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) оғоз шуд.
Манбаъ дар сомонаи расмии худ навиштааст, ки дар имтиҳонҳои ин давр довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар давраи дуюми бақайдгирӣ (аз 10-уми июн то 1-уми июли соли 2026) барои иштирок дар ИМД номнавис шуда буданд ва довталабоне, ки дар даври асосии қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи умумии асосӣ – синфи 9-ум) иштирок карда натавониста, барои супоридани имтиҳони дахлдор дар даври дуюм ба Марказ ариза пешниҳод кардаанд, иштирок доранд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар давраи дуюми бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД 10394 нафар, аз ҷумла 7245 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 3149 довталаби дорои таҳсилоти умумии асосӣ худро номнавис кардаанд. Теъдоди довталабоне, ки дар даври асосии қисми А ё қисми Б иштирок карда натавониста, барои супоридани имтиҳони дахлдор дар даври дуюм ба Марказ ариза пешниҳод намудаанд, 613 нафар мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”