Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Нишасти фармондеҳони марзбонии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Исломобод оғоз шуд
Нишасти дувоздаҳуми фармондеҳони марзбонии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) рӯзи ҷумъа, 17-уми июл, ба мизбонии Покистон дар шаҳри Исломобод оғоз шуд.
Ба гузориши расонаҳои Покистон, маросими ифтитоҳи ин нишаст бо раёсати генерал Сайид Омир Ризо, раиси Ситоди умумии артиши Покистон, баргузор шуд.
Бар асоси гузориши расонаҳо, пеш аз оғози нишасти фармондеҳон, ҷаласаи коршиносони марзбонии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Исломобод баргузор шуда буд. Интизор меравад дар ҷаласаи имрӯза намояндагони кишварҳои узв дидгоҳҳо ва барномаҳои худро барои таҳкими ҳамкориҳои муштарак бо тамаркуз бар амнияти марзӣ баррасӣ кунанд.
Нишасти фармондеҳони марзбонии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай барои ду рӯз дар пойтахти Покистон идома хоҳад ёфт.
Созмони ҳамкории Шанхай як созмони байналмилалии авруосиёӣ аст, ки бо ҳадафи густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ фаъолият мекунад. Тоҷикистон, Русия, Чин, Ҳинд, Покистон, Қазоқистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Беларус аз аъзои доимии ин созмон мебошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”