Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
СЕНТКОМ аз оғози мавҷи нави ҳамлаҳои Амрико алайҳи Эрон хабар дод
Фармондеҳии марказии артиши Амрико (СЕНТКОМ) эълом кардааст, ки неруҳои ин кишвар мавҷи нави ҳамлаҳо алайҳи Эронро оғоз кардаанд.
СЕНТКОМ шаби панҷшанбе, 16-уми июл, гузориш додааст, ки неруҳои амрикоӣ соати 2:00 баъд аз нисфирӯзӣ ба вақти шарқии Амрико, ҳамлаҳои наверо барои заиф кардани ҳарчи бештари қобилиятҳои низомии Эрон оғоз карданд.
Ин фармондеҳӣ гуфтааст, ки ин шашумин шаби пайдарпай аст, ки неруҳои амрикоӣ ҳамлаҳоеро алайҳи Эрон анҷом медиҳанд.
СЕНТКОМ ҷузъиёти бештаре дар бораи аҳдоф ва маҳалҳои мавриди ҳамла ироа накардааст.
Ин дар ҳолест, ки дар рӯзҳои ахир танишҳо миёни Амрико ва Эрон афзоиш ёфта ва ду тараф ҳамлаҳо ва иттиҳомҳоеро алайҳи якдигар матраҳ кардаанд.
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон, Амрикоро муттаҳам кардааст, ки дар ҳамлаҳо алайҳи ин кишвар муртакиби ҷинояти ҷангӣ шудааст ва ҳадаф қарор додани зерсохторҳои ҳаётии Эронро нақзи қавонини байналмилалӣ хондааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”