Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ироқчӣ Амрикоро дар ҳамлаҳо ба Эрон ҷинояткори ҷангӣ хонд
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон, гуфт, ки Амрико дар ҳамлаҳо алайҳи Эрон муртакиби ҷинояти ҷангӣ шудааст ва ҳадаф қарор додани зерсохторҳои ҳаётии ин кишварро нақзи қонунҳои байналмилалӣ хондааст.
Ироқчӣ рӯзи панҷшанбе, 16-уми июл, гуфтааст, ки ҳамлаҳои Амрико ба зерсохторҳои ҳаётӣ ва таҳдид ба ҳадаф қарор додани пулҳо ва неругоҳҳо, нишондиҳандаи “қасди ҷинояткорона”-и мақомоти амрикоӣ барои анҷоми ҷиноятҳои сангин аст.
Вазири хориҷаи Эрон гуфтааст, ки ин ҳамлаҳо “нақзи ошкори Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва усули асосии ҳуқуқи байналмилал” маҳсуб мешаванд.
Ироқчӣ ҳамчунин, мақомоти амрикоиро ба истифода аз “таҳдидҳои ғайримантиқӣ” муттаҳам карда ва гуфтааст, ки ин иқдомҳо алайҳи мардуми Эрон ба далели дифоъ аз истиқлол, ҳуқуқ ва каромати инсонии онон анҷом мешавад.
Ӯ ҳушдор додааст, ки масъулони ин иқдомҳо наметавонанд бо иддаои иҷрои дастури мақомоти болотар, аз масъулияти қонунии худ фирор кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”