Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вазорати дифои Русия аз ҳамла ба марказҳои захираи паҳподҳои дурпарвози Украина хабар дод
Вазорати дифои Русия мегӯяд, неруҳои ин кишвар дар 24 соати гузашта марказҳои захираи паҳподҳои дурпарвози Украина ва маҳалҳои истиқрори неруҳои ин кишварро дар 147 минтақа ҳадаф қарор додаанд.
Хабаргузории “ТАСС” рӯзи панҷшанбе, 16-уми июл, гузориш додааст, ки Вазорати дифои Русия гуфтааст неруҳои ҳавоӣ, мушакӣ ва тӯпхонаии ин кишвар, зерсохторҳои сӯзишворӣ, энержӣ ва ҳамлу нақли мавриди истифодаи артиши Украинаро низ ҳадаф қарор додаанд.
Бар асоси эъломи Вазорати дифои Русия, маҳалҳои истиқрори муваққатии неруҳои мусаллаҳи Украина ва ҷангҷӯёни хориҷӣ низ дар миёни ҳадафи ин ҳамлаҳо будаанд.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати дифои Русия пештар низ эълом карда буд, ки шаби гузашта сомонаҳои дифои ҳавоии ин кишвар 375 паҳподи украиниро бар фарози хоки Русия нобуд кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”