Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Британия 345 миллион доллар ба Украина барои хариди таҷҳизоти ҷангандаҳои пешрафта ҷудо мекунад
Нахуствазири Британия эълом кардааст, ки кишвараш 345 миллион доллар барои кумак ба таҷҳизоти Украина ба 16 фарванд ҳавопаймои ҷангии пешрафта ҷудо мекунад ва бо Швейтсия барои фароҳам кардани ин ҷангандаҳо ҳамкорӣ хоҳад кард.
“Рейтерз” рӯзи панҷшанбе, 16-уми июл, гузориш додааст, ки Кир Стармер, нахуствазири Британия, зимни сафар ба Киев гуфтааст, ки ин кумак барои тақвияти тавони дифоии Украина дар баробари ҳамлаҳои Русия ҷудо мешавад.
Бар асоси гузориш, дар моҳи июн, ширкати дифоии Швейтсия “Сааб” қарордодеро барои таҳвили 16 фарванд ҷангандаи “Грипен E” ба Украина имзо карда буд, ки арзиши ин қарордод ҳудуди 2,5 миллиард доллар эълом шудааст.
Ин баста шомили омӯзиши халабонҳо ва муҳандисон, шабеҳсозҳои парвоз, қитъаҳо ва таҷҳизоти мавриди ниёз барои истифода аз ин ҳавопаймоҳо хоҳад буд.
Давлати Британия гуфтааст, ки ин сармоягузорӣ аз ҳудуди панҷ ҳазор фурсати корӣ дар беш аз 50 ширкати британиягии вобаста ба барномаи ҷангандаҳои “Грипен” ҳимоят мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”