Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вазири хориҷаи Украина аз баргузории музокироти эҳтимолии Зеленский ва Путин дар Туркия хабар дод
Андрей Сибига, вазири корҳои хориҷаи Украина, гуфтааст, ки музокироти эҳтимолӣ байни Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, метавонад дар Туркия баргузор шавад.
“Анадолӣ”, рӯзи панҷшанбе, 16-уми июл, гузориш додааст, ки вазири хориҷаи Украина ин мавзуъро дар як конфронси хабарии муштарак бо ҳамтои туркаш баён кардааст.
Бар асоси гузориш, вазири хориҷаи Украина гуфтааст, ки Киев омодаи оташбас аст ва бар ин бовар аст, ки танҳо музокираи раҳбарон метавонад ба раванди сулҳ байни Русия ва Украина суръат бахшад.
Сибига гуфтааст: “Мо бояд то ҳадди имкон аз дипломатия истифода кунем ва барои поён додан ба ин ҷанг сари мизи музокира биншинем.”
Ба гуфтаи ӯ, Украина борҳо хостори қадамҳое барои поён додан ба даргирӣ миёни Киев ва Маскав шудааст ва “пешниҳодҳои воқеӣ” дар бораи чигунагии дастёбӣ ба сулҳ доштааст.
Бо ин ҳол, ӯ таъкид кардааст, ки Киев ҳеч тавофуқеро, ки ҳокимият ё тамомияти арзии Украинаро заиф кунад, намепазирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”