Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Беш аз се ҳазор ноболиғ баъди пошхӯрии оилаҳо бо яке аз волидон мондаанд
Бинобар иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми нимсолаи якуми соли равон дар кишвар 3 526 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 591 ҳолат кам мебошад.
Дар ин росто, тибқи маълумоти дастрас, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 27 563 ҳолати бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 2 793 ҳолат кам аст.
Ташвишовар аст, ки дар давраи ҳисоботӣ теъдоди кӯдакони ноболиғ, ки баъди бекор кардани ақди никоҳ бо яке аз волидон мондаанд 3 111 нафарро ташкил медиҳад.
Тибқи омори расмӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 теъдоди кӯдакони ноболиғ, ки баъди бекор кардани ақди никоҳ бо яке аз волидон монда буданд, 3632 нафарро ташкил додааст ва имсол 521 нафар кам мебошад. Вале ҳоло ҳам ин масъала нигаронкунанда ва ташвишовар аст.
Дар ин росто, зимни нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки бо мақсади пешгирии пошхӯрии оилаҳо тавассути гардиши “хона ба хона” бо 502 ҳазору 931 оилаҳо суҳбат ва бо усули “маҳал ба маҳал” 1896 адад корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва итилоотӣ анҷом дода шудааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”