27 Сентябр 2026,
якшанбе, 21:03, Душанбе
16.07.2026 12:26

Тағйири ҷанҷолӣ дар Киев: Зеленский вазири дифоъро барканор кард

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, дар идомаи тағйироти густурда дар ҳайати ҳукумат, Михаил Фёдоров, вазири дифои ин кишварро, бо вуҷуди ҳимояти муттаҳидони хориҷӣ ва ҷонибдорони дохилӣ аз ӯ, аз мақомаш барканор кардааст.

Ба гузориши рӯзномаи “Гардиан” (The Guardian), ин тасмим дар чорчӯби бозсозии ҳукумати Украина гирифта шудааст. Пеш аз ин, бархе аз шарикони ғарбии Киев ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Украина аз Зеленский хоста буданд, ки Фёдоровро дар мақомаш нигоҳ дорад.

Майкл Макфол, сафири пешини Иёлоти Муттаҳида дар Русия, низ аз ҷумлаи афроде буд, ки аз Зеленский хоста буд Фёдоровро аз вазифааш барканор накунад.

Фёдоров дар паёме дар шабакаи “Телеграм” навиштааст, ки хизмат ба мардуми Украина барои ӯ “ифтихори бузург” будааст. Ӯ дар давраи раҳбарии Вазорати дифоъ барои талошҳо дар самти ислоҳоти сохторӣ ва коҳиши фасод мавриди ситоиш қарор гирифта буд.

Ба навиштаи рӯзномаи “Гардиан”, шаш моҳи фаъолияти Фёдоров ҳамзамон бо беҳбуди қобили таваҷҷуҳи мавқеи Украина дар ҷабҳаҳои ҷанг алайҳи Русия будааст. Дар ин давра, неруҳои украинӣ чандин бор зербиноҳои энержии Русия, аз ҷумла полоишгоҳҳои нафтро ҳадаф қарор доданд.

Ҳанӯз маълум нест, ки Фёдоров дар ҳайати ҳукумати Зеленский мақоми дигаре хоҳад гирифт ё не. Барканории ӯ чанде пас аз истеъфои Юлия Свириденко, нахуствазири Украина, сурат гирифтааст. Зеленский пештар гуфта буд, ки ҳукумати кишвар ба бозсозӣ ниёз дорад.

Тибқи гузоришҳо, барканории Фёдоров бо вокунишҳои интиқодӣ аз ҷониби ҷонибдоронаш рӯбарӯ шудааст. Ин тасмим ҳамчунин, дар ҳоле гирифта мешавад, ки овозаҳо дар бораи ихтилофи назар миёни ӯ ва Александр Сирский, фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳи Украина, афзоиш ёфтааст.

Сергей Стерненко, яке аз ҳамкорони Фёдоров, дар паёме аз ин тасмим интиқод карда, навиштааст, ки “ислоҳоти воқеӣ ҳанӯз оғоз нашудааст”. Ирина Герашенко, сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Зеленский низ ин иқдомро зери суол бурдааст.

Ҳамзамон, Артем Бронжуков, муовини мудири андешкадаи украинии “Политика”, тағйири пайдарпайи вазирони дифоъ дар шароити ҷанги густурда бо Русияро “ғайриодӣ” хонда ва гуфтааст, ки Фёдоров дар муддати кӯтоҳ тавонист вазъиятро дар ҷабҳаҳои ҷанг беҳтар кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.