Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Бо иштироки беш аз 100 кӯдак. Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивали футбол доир мекунад
Ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк фестивали футбол баргузор мекунад.
Тавре ки маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар фестивали футбол зиёда аз 100 кӯдаки синну соли гуногун ва намояндагони миллатҳои мухталиф иштирок хоҳанд кард.
Иттилоъ дода мешвад, ки фестивали футбол 16-уми июл соати 9:00 ба вақти маҳаллӣ дар маҷмааи варзишии «Kingsborough Athletics Field», воқеъ дар Бруклини шаҳри Ню-Йорк баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, ки дар доираи ин чорабинӣ эстафетаҳо, бозиҳои шавқовар, машғулиятҳои омӯзишӣ ва дигар барномаҳои варзишию фароғатӣ ташкил карда мешавад.
“Ин фестивал аҳамияти ташаббуси таъсиси Рӯзи ҷаҳонии футболро, ки бо пешниҳоди президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудааст, таъкид хоҳад кард”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”