Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Макрон: “Парлумони Фаронса лоиҳаи қонуни “Ҳаққи дарёфти кумак барои марг”-ро тасвиб кард”
Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, эълом кардааст, ки парлумони ин кишвар лоиҳаи қонуни марбут ба “Ҳаққи дарёфти кумак барои поён додан ба зиндагӣ”-ро тасвиб кардааст.
Макрон рӯзи чоршанбе, 15-уми июл, дар “Х” навиштааст, ки ин мавзуъ ба далели иртиботи мустақим бо “зиндагӣ, ранҷ ва каромати инсон” ниёзманди шунидани дидгоҳҳо, гуфтугӯ ва баҳси густарда буд.
Ӯ афзудааст, уҳдадорие, ки дар соли 2022 барои оғози ин раванд бо мардуми Фаронса дода буд, бо эҳтиром ба усули демократия амалӣ кардааст.
Раиси ҷумҳури Фаронса гуфтааст, ки баррасии ин қонун дар Шурои қонуни асосӣ мутобиқ ба равандҳои қонунӣ идома хоҳад ёфт ва аз намояндагони парлумон барои баргузории баҳси “созанда ва муҳтарамона” қадрдонӣ кард.
Макрон ҳамчунин, аз шаҳрвандони узви Конвенсияи шаҳрвандӣ, кормандони бахши тандурустӣ, анҷуманҳо ва Кумитаи миллии машваратии ахлоқи Фаронса бо сабаби саҳмгузорӣ дар таҳияи ин қонун сипосгузорӣ карда ва гуфтааст, ривоятҳо, тардидҳо, боварҳо ва умедҳои афроде, ки таҷрибаҳои шахсии худро бо ӯ дар миён гузоштанд, нақши муҳимме дар шаклгирии ин лоиҳа доштааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”