27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
16.07.2026 06:22

Қолибоф: “Эрон бояд миёни музокира ва ҷанг барои дастёбӣ ба ҳадафҳои худ тавозун барқарор кунад”

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон, мегӯяд, Теҳрон барои расидан ба ҳадафҳои худ бояд миёни музокира ва омодагии низомӣ тавозун барқарор кунад ва дар канори истифода аз абзорҳои дипломатӣ, барои муқобила бо таҳдидҳо низ омода бошад.

Расонаҳои Эрон рӯзи чоршанбе, 15-уми июл, гузориш додааст, ки Қолибоф гуфтааст, Эрон “ҳеч гоҳ хостори ҷанг набуда ва акнун низ нест”, аммо бояд ҳамвора барои набард омода бошад ва барои ҳифозат аз амният ва манофеи миллии худ истодагӣ кунад.

Қолибоф таъкид кардааст, ки музокира дар шароити кунунӣ ба маънои созиш нест, балки дар канори ҷанг, бахше аз роҳбурди муқовимат ва муҳофизат аз манофеи миллии Эрон ба шумор меравад.

Ӯ ҳамчунин, гуфтааст, ки амнияти миллии ин кишвар бо “ҳифзи тартиботи Эрон дар тангаи Ҳурмуз” иртибот дорад ва неруҳои мусаллаҳи Эрон барои муқобилият бо он чи таҷовузи душман хонда, озодии амали комил доранд.

Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки танишҳо миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳида бар сари барномаи ҳастаӣ, таҳримҳо ва вазъияти амниятии минтақа афзоиш ёфтааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.