27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
15.07.2026 18:11

Муин Гулов: “Баҳси солим рӯ ба рӯ шудани ду чароғ аст”

Дар замоне ки бештари муҳтавои интернетӣ умри кӯтоҳ дорад, ҷамъ овардани мероси адабӣ дар як фазои рақамӣ кори осон нанамояд. Муин Гулов бо таъсиси портали shoiron.tj талош кардааст, ки осори шоирони тоҷикро дар як ҷо гирд оварад ва дастрасии дӯстдорони адабиётро ба онҳо осон созад. 

Метавон гуфт, ки портали shoiron.tj имрӯз яке аз талошҳои ҷолиби ҷамъоварӣ ва муаррифии осори шоирони тоҷик дар фазои интернет аст. Бо Муин Гулов доир ба ин лоиҳа ва умуман китобу фарҳангу адабиёт суҳбат кардем, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад. 

“ПЕШРАФТ САРҲАД НАДОРАД”

- Тавре медонем, шумо аз замони мактабӣ ба шеъру шоирӣ таваҷҷуҳи хос доштед, аммо чаро тасмим гирифтед, ки дар Русия бо ихтисоси инҷинер-технолог таҳсил кунед? 

- Пас аз хатми мактаб тибқи натиҷаи Маркази миллии тестӣ, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси бозоршиносӣ дохил шудам. Он замон ҳамин соҳаро барои ояндаи худ интихоб карда будам. Аммо дар дилам хоҳиши берун аз кишвар таҳсил кардан, ҷаҳонро наздиктар дидан ва ҷаҳонбиниамро васеъ намудан буд. Ҳамин тавр, ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Кемеровои Русия дохил шудам. Дар оғоз ният доштам, ки баъдтар ба ихтисоси дӯстдоштаам интиқол мегирам, аммо таҳсил дар муҳити нав маро ба худ ҷалб кард. Ба физика ва кимиё шавқу рағбат пайдо кардам ва тасмим гирифтам ин роҳро то охир идома диҳам. 

- Ҳоло дар Узбекистон ҳамчун мутахассиси IT кор мекунед. Бигӯед, ки чӣ гуна ин соҳаро омӯхтед?

- Падарам он солҳо дар Тошканд кор мекарданд ва ман барои диданашон ба ин шаҳр омадам. Дар ҳамин ҷо бо чанд ҷавони тоҷик шинос шудам, ки дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ фаъолият доштанд. Аз суҳбат бо онҳо кунҷковии ман бедор шуд. Ба хондани китобҳо ва мақолаҳои соҳавӣ шурӯъ кардам, вазифаҳои гуногуни дохили дастаҳои барномасозиро омӯхтам ва фаҳмидам, ки тавоноии ман бештар дар ташкили раванд, ҳамоҳангсозии одамон ва ба натиҷа расондани лоиҳаҳо аст. Яъне ман худро дар нақши роҳбари лоиҳаҳо пайдо кардам. Пас аз чанд мусоҳибаи корӣ нахустин ҷойи кори худро дар ин соҳа ёфтам. Аз ҳамон рӯзҳо бештар аз ду сол гузаштааст. Аммо технология соҳаест, ки дар он кас ҳеҷ гоҳ худро «омӯхта тамом кардам» гуфта наметавонад. Ҳар рӯз дари наве боз мешавад ва ту маҷбур мешавӣ боз аз нав шогирд бошӣ.

- Дар масъалаи кору зиндагӣ дар Узбекистон, чаро маҳз ин кишварро интихоб кардед?

- Тавре гуфтам, нахуст ба хотири падарам ба Тошканд омадам. Аммо баъд аз муддате дӯстону ҳамкорон пайдо кардам, ба муҳити зиндагӣ одат намудам ва кор ёфтам. Вақте муҳлати кори падарам ба поён расид ва эшон ба Ватан баргаштанд, ман мондам. Аз ин қарор пушаймон нестам. Узбекистон барои ман ба як мактаби зиндаи таҷриба табдил ёфт. Ҳар навоварие, ки дар ин ҷо мебинам, ҳамчун тамошобин қабул намекунам, балки онро мисли тухми андеша ба дил мебарам, то рӯзе дар хоки Тоҷикистон сабзад. Андешаи таъсиси портали «Шоирон» низ пас аз дидани тарзи ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ дар Русия ва Узбекистон қувват гирифт. Ман бовар дорам, ки пешрафт сарҳад надорад. Мо бояд таҷрибаи муваффақи дигаронро бинем, биомӯзем, ба шароити худ мутобиқ кунем ва ба манфиати мардум ба кор барем. Хусусан дар масъалаи ҳифзи таърих ва фарҳанг, кишварҳои дигар роҳҳои зиёдеро пеш аз мо тай кардаанд. Аз онҳо омӯхтан кам кардани қадри худ нест, баръакс, нишонаи ҳушёрӣ ва эҳтиром ба ояндаи худ аст. Чунон ки Рӯдакӣ гуфтааст:

Ҳар кӣ наомӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ наомӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

- Кай нияти ба ватан баргаштан доред?

- Рафтуомадам ба Тоҷикистон ҳамеша зиёд аст. Нияти пурра баргаштанро дорам, аммо ҳоло наметавонам вақти дақиқеро ном барам. Бо вуҷуди ин, ман фикр намекунам, ки хизмат ба Ватан танҳо баъд аз бозгашти ҷисмонӣ оғоз мешавад. Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки масофа дигар девори сахт нест. Дар фазои рақамӣ метавонӣ дар ҳар куҷое бошӣ, барои ҷомеаи худ кор кунӣ, андеша пешниҳод намоӣ, чизе бисозӣ ва дар рушди он саҳм гузорӣ. Аз ин рӯ, ҳар ҷо бошам, як қисми фикру дилам дар Тоҷикистон мемонад.

МЕРОСИ АДАБӢ ВАҚТЕ ЗИНДА МЕМОНАД 

- Тӯли фаъолияти рӯзноманигорӣ бо одамони зиёде, ки чизе таъсис додаанд, ҳамсуҳбат шудаам ва аксари онҳо мегӯянд, ки сабаби таъсиси корхона, сомона, барнома ё чизи дигар будани мушкилие, дарди шахсӣ ё чизи дигар буд. Чӣ сабаб шуд, ки шумо портали «Шоирон»-ро таъсис додед?

- Ғарибӣ аҷиб аст, то дур нашавӣ, намефаҳмӣ, ки Ватан чӣ қадар даруни ту зиндагӣ мекунад. Вақте мебинӣ, ки миллатҳои дигар таърих, адабиёт, фалсафа ва бузургони худро бо ифтихор мешиносанд, беихтиёр аз худ мепурсӣ: ман аз худ чӣ медонам? Ман тоҷик ҳастам. Аммо тоҷик будан бароям танҳо номи як миллат нест, ин пайванд ба тамаддуни бузург аст. Мо таърихи ғанӣ дорем, вале ман аз он чӣ қадар медонам? Мо Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Сино, Ҷомӣ ва садҳо бузурги дигар дорем, вале садои онҳо то чӣ андоза ба насли имрӯз мерасад? Ҳамин саволҳо маро ба ҷустуҷӯ бурданд. Вақте ба ҷустуҷӯ оғоз кардам, фаҳмидам, ки мавод ҳаст, аммо парокандаанд. Китобе дар як гӯша, шеър дар саҳифаи дигар, маълумоти шарҳиҳолӣ дар ҷойи сеюм. Албатта, «ҷӯянда ёбанда аст», вале чаро роҳи ҷӯянда ин қадар душвор бошад? Чаро як хонандаи ҷавон барои расидан ба мероси худ бояд аз миёни даҳҳо дари баста гузарад? Аз ҳамин ҷо орзуи сохтани як хонаи муштарак барои сухани тоҷикӣ пайдо шуд. «Шоирон» барои ман танҳо сомона нест. Кӯшишест барои гирд овардани садои ниёгон, пуле миёни гузашта ва имрӯз. Дар оянда, мехоҳам, он ба фазое табдил ёбад, ки на танҳо шеър, балки китобҳо, мақолаҳои илмӣ ва дигар ганҷинаҳои фикрии кишварро низ дар худ дошта бошад.

- Дар суҳбате гуфтаед, ки ин сомонаро пурра бо зеҳни сунъӣ сохтаед. Бигӯед, ки чизи сохтаи зеҳни сунъӣ аз сохтаи як барномасози касбӣ чӣ фарқ дорад?

- Зеҳни сунъӣ имрӯз бо суръате пеш меравад, ки қариб ҳар моҳ имконоти нав пешкаш мекунад. Агар шахс тарзи дурусти кор бо онро донад, талаботро равшан гузорад ва натиҷаро санҷида тавонад, аз нигоҳи тартиби код фарқ метавонад хеле кам бошад. Баъзан ҳатто коди тавлидкардаи он аз ҷиҳати сохтор муназзамтар менамояд. Аммо фарқи асосӣ дар масъулият аст. Зеҳни сунъӣ барои натиҷаи кори худ ҷавобгар нест. Он метавонад дар чанд сония девор бисозад, аммо намепурсад, ки таҳкурсии он то чӣ андоза устувор аст. Агар шахсе, ки онро истифода мебарад, аз меъёрҳо, амният, меъмории барнома ва қоидаҳои асосии барномасозӣ бехабар бошад, он барнома мисли хонае мешавад, ки рӯйи замини лағжон бино шудааст. Аз дур зебо менамояд, вале намедонӣ кадом рӯз фурӯ мерезад. Аз ин рӯ, зеҳни сунъӣ ҷойгузини дониш нест, балки афзори тавоноест дар дасти шахси огоҳ. Арзиши аслии кор ҳанӯз ҳам дар андешаи инсон, назорат, санҷиш ва масъулият боқӣ мемонад.

- Барои пешбурди кори сомона дар масъалаи кумаки техникӣ танқисӣ намекашед? Яъне ҳамон тавре ки як барномасоз кумаки техникӣ мекунад, зеҳни сунъӣ чунин имконро дорад?

- Айни ҳол ба мушкили ҷиддии дастгирии техникӣ рӯ ба рӯ нашудаам. Ман пайваста ба портал ворид шуда, кори онро месанҷам, камбудиҳоро меёбам ва то ҳадди имкон ислоҳ мекунам. Зеҳни сунъӣ дар ёфтани сабаби баъзе хатогиҳо, пешниҳод кардани роҳҳои ислоҳ ва шарҳи қисмҳои код кумак мерасонад. Аммо ман ба ин восита кӯр-кӯрона такя намекунам. Чанд дӯсти барномасоз дорам ва гоҳ-гоҳ аз онҳо хоҳиш мекунам, ки сомонаро аз нигоҳи меъморӣ, амният ва сифати код бозбинӣ намоянд. Зеро хуб медонам, ки дониши ман дар барномасозӣ ҳанӯз маҳдуд аст. 

- Ин лоиҳа сарфу харҷ дорад. Аз ҷумла, домен, хостинг ва ғайраҳо. Оё сарпараст доред?

- Бале, ҳар лоиҳаи зинда хароҷоти худро дорад: домен, хостинг, обунаи воситаҳои зеҳни сунъӣ ва нигоҳдории техникӣ. Соли аввал хароҷоти доменро худам пардохт кардам. Баъдтар бо Зинҳор Насрӣ шинос шудам ва эшон доменро барои лоиҳа ройгон фароҳам карданд, ки барои ман дастгирии арзишманд буд. Ҳоло хароҷоти хостинг ва обунаи воситаҳои зеҳни сунъӣ бар дӯши худи ман аст. Дар ояндаи наздик ният дорем, ки бо кумаки Зинҳор Насрӣ сомонаро ба серверҳои онҳо интиқол диҳем. Ин кор қисми хароҷотро сабуктар мекунад. Сарпарасти дигар надорам. «Шоирон» ҳоло бештар бо нерӯи шахсӣ, вақти холӣ ва муҳаббат ба фарҳанг пеш меравад. 

- Оё барои таваҷҷуҳу дастгирӣ ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муроҷиат накардед, зеро ин кори шумо барои муаррифии шеъру шоирон хеле кумак мекунад?

- Бо чанде аз шоирону нависандагон суҳбат карда, лоиҳаро муаррифӣ намудам ва пешниҳод кардам, ки осори худро дар ин фазо низ нашр кунанд. Онҳо ба лоиҳа баҳои хуб доданд, аммо то ҳол иштироки фаъолонаи бисёре аз онҳо дар сомона дида намешавад. Ҳоло ман шеърҳои шоирони муосирро аз саҳифаҳои расмии онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо карда, бо риояи эҳтиром ба муаллиф дар сомона ҷой медиҳам. Портал моҳона тақрибан 3500 хонанда дорад ва рӯзона бештар аз 140 нафар вориди он мешаванд. Хонандагон на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз кишварҳои гуногуни ҷаҳонанд.

- Ҳоло дар сомонаи шумо зиёда аз сад шоир ва беш аз 8600 шеър дастрас аст. Барои то ин ҷо расидан чанд муддат вақт сарф шуд?

- Барои ворид кардани ҳазор шеъри аввал тақрибан панҷ рӯз вақт сарф кардам. То расидан ба ду ҳазор шеър қариб як ҳафтаи дигар гузашт. Он марҳила бештар кори дастӣ буд ва ҳар китоб вақти зиёд талаб мекард. Баъдтар раванди корро худкор кардам. Акнун метавонам як китобро тақрибан дар сӣ дақиқа коркард ва ба сомона ворид намоям. Бо ҳамин усул тақрибан шашуним ҳазор шеъри боқимондаро дар се рӯз ҷой додам. Ин яке аз равшантарин намунаҳост, ки зеҳни сунъӣ чӣ гуна метавонад кори чандҳафтаинаро ба чанд рӯз табдил диҳад.

- Бигӯед, ки маводи сомонаро аз куҷо дастрас мекунед ва оё ҳамаашро худатон мемонед ё дигар касоне ҳам ҳастанд, ки дар ин кор шуморо кумак мекунанд?

- Ман дар ин роҳ танҳо нестам. Ҳастанд нафароне, ки шоирон ва шеърҳои навро ба сомона ворид кардаанд ва ман аз ҳар яки онҳо сипосгузорам. Чанд шоири ҷавон низ номнавис шуда, осори худро мустақилона нашр мекунанд. Ин барои ман аломати хуб аст, яъне портал оҳиста-оҳиста аз кори як нафар ба фазои муштарак табдил меёбад. Китобҳоро асосан аз китобхонаҳои рақамӣ ва шабакаҳои маърифатии Telegram дастрас мекунам. Баъзе шеърҳои писандидаамро аз саҳифаҳои муаллифон дар Instagram ва Facebook пайдо карда, ба сомона мегузаронам. Орзуи ман ин аст, ки рӯзе худи шоирон, муҳаққиқон ва хонандагон ин ганҷинаро ғанӣ гардонанд. Мероси адабӣ вақте зинда мемонад, ки мардум худро на тамошобин, балки нигаҳбони он ҳис кунанд.

- Тавре медонем, дар сомонаи шумо шоирон имкон доранд, ки худро ба қайд гиранд ва маҳсули эҷодашонро гузоранд. Ин аз ҷиҳати техникӣ ягон мушкил надорад, яъне касе пайдо намешавад, ки матлабҳои номуносиб нашр кунад?

- Ҳар маводи наве, ки аз тарафи корбарон ворид мешавад, аз назар мегузаронам ва муҳтавои номуносибро назорат мекунам. Аммо ман танҳо ба назорати маъмурӣ такя кардан намехоҳам; ба хирад ва масъулияти ҷомеаи хонандагон низ бовар дорам. Дар сомона корбарон метавонанд хатоҳоро нишон диҳанд, матнро ислоҳ кунанд ё дар бораи маводи номуносиб хабар диҳанд. Ба назари ман, ин яке аз муҳимтарин имконоти портал аст: ҳар хонанда метавонад аз истеъмолкунандаи одии муҳтаво ба ҳаммуаллиф ва нигаҳбони он табдил ёбад.

- Ҳамон тавре ки шеъру шоирони тоҷик ба муаррифӣ ниёз доранд, наср ва нависандагони мо низ чунинанд. Оё фикр накардед, ки ин бахшро ҳам ворид кунед?

- Бале, чанд насрнавис низ хоҳиш карданд, ки барои онҳо чунин имконият дар портал фароҳам шавад. Ин пешниҳод дар нақшаи рушди лоиҳа ҷой дорад ва умедворам дар ояндаи наздик бахши наср низ фаъол гардад.

- Дар портали «Шоирон» корбарон ба омори шоирону шеърҳое, ки хонандаи зиёд доранд, шинос мешаванд ва ин як навъ муаррифии иловагии онҳо мебошад. Бигӯед, ки Шеъру шоири дӯстдоштаи шумо кадом аст? 

- Шоирон ва шеърҳои зиёде бароям азизанд ва интихоб кардани танҳо як нафар осон нест. Аммо агар маҷбур ба интихоб бошам, ин мисраъҳои Низомии Ганҷавиро ном мебарам:

Ғофил манишин, на вақти бозист,

Вақти ҳунар асту сарфарозист.

Дониш талабу бузургӣ омӯз,

То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.

Ин суханон ба назари ман яке аз зеботарин насиҳатҳои падаронаанд. Низомӣ онҳоро ба фарзанди худ гуфтааст, аммо садсолаҳо пас мо низ худро мухотаби он эҳсос мекунем. Бузургони адаб танҳо падарони фарзандони худ набуданд, онҳо падарони маънавии наслҳоянд.

«МО ДОНИШРО ТАВРЕ ПЕШНИҲОД МЕКУНЕМ, КИ ГӮЁ ҶАЗО БОШАД» 

- Дар пештоқи саҳифаи Инстаграматон чунин навиштаед: «Бесавод будан, бемаданият будан ба мо намезебад». Лутфан, ин андешаро шарҳ диҳед.

- Вақте инсон таърих ва фарҳанги худро амиқтар мешиносад, ба худ бо чашми дигар менигарад. Ин монанди он аст, ки падару модари ту шахсони соҳибобрӯ бошанд ва ту бидонӣ, ки рафтори ту оинаи номи онҳост. Кӯшиш мекунӣ дар сатҳи он ном бошӣ ва онро хор насозӣ. Падару модари маънавии мо ҳамин таърих ва фарҳанганд. Вақте мефаҳмем, ки гузаштагони мо чӣ қадар донишманд, боадаб, соҳибтамаддун ва суханвар буданд, бесаводӣ ва бемаданиятӣ дигар танҳо камбудии шахсӣ намемонад, он ба меросе, ки ба мо расидааст, беэҳтиромӣ мешавад. Мо бояд аввал худро ба қадри онҳо бирасонем ва баъд кӯшиш кунем кори нотамоми онҳоро идома диҳем. Ман борҳо ҳангоми хондани шеърҳои тоҷикӣ аз ҳаяҷон ашк рехтаам. Аз он андеша, ки чунин мисраъро ҳамзабони ман навиштааст. Пештар бо осори нависандагон ва мутафаккирони ғарбӣ ошно будам, аммо баъд хостам фалсафаи бузургони худро бифаҳмам. Ва барои худ Балхӣ, Бедил, Ҳофиз, Саъдӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ, Айнӣ, Турсунзода ва дигаронро аз нав кашф кардам. Ба ин ду мисраи Мирзо Турсунзода нигаред:

Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Ҳангоми хондани онҳо чеҳраи Турсунзода пеши назарам меояд, гӯё худаш ин суханро ҳамчун васият мегӯяд. Калимаҳои «гарм» ва «оғӯш» танҳо маъно надоранд, онҳо ҳарорат доранд. Ва он «расми хуби тоҷикон» барои ман чунон ширин аст, ки мехоҳам онро аз миёни ҳама сардиҳои замон ҳифз кунам. Ман шеърро бо эҳсос мехонам. Аз ашъори солҳои ҷанги шаҳрвандии Лоиқ Шералӣ дард кашидаам ва аз шеърҳои Бозор Собир меҳри Ватанро амиқтар эҳсос кардаам. Барои ҳамин мегӯям: бесаводӣ ва бемаданиятӣ ба мо намезебад. На аз рӯйи худписандӣ, балки аз рӯйи масъулият дар назди он қуллаҳое, ки аз паси мо истодаанд.

- Шумо дар Инстаграм асосан матолиби маърифатӣ ва омӯзишӣ нашр мекунед. Оё дар масъалаи далелҳо ва назарҳоятон одамоне пайдо мешаванд, ки бо шумо баҳс кунанд ва норозигӣ намоянд?

- Ҳоло ба сабаби камбудии вақт камтар дар бораи таърих менависам. Аммо пештар баҳсҳо зиёд буданд ва дар миёни баҳскунандагон ҳатто олимону таърихшиносони муосир низ буданд. Барои ман ин ҳолат бисёр арзишманд буд. Баҳси солим душмании андешаҳо нест, рӯ ба рӯ шудани ду чароғ аст. Агар ҳар ду ҷониб бо далел ва эҳтиром суҳбат кунанд, аз ин бархӯрд торикӣ кам мешавад. Ман наметарсам, ки касе назари маро ислоҳ кунад. Аз ҳама хатарнок он аст, ки инсон иштибоҳи худро ба хотири ғурур ҳифз намояд.

- Ба фикри шумо Инстаграм барои матлабҳои омӯзишӣ, махсусан таърихӣ ҷойи мусоид аст?

- Инстаграмро ман ба як шаҳри бузург монанд мекунам. Дар он ҳам китобхона ҳаст, ҳам бозор, ҳам театр, ҳам майдони ҳангома. Ҳар рӯз миллионҳо одам аз кӯчаҳои ин шаҳр мегузаранд. Савол танҳо ин аст: ту кадом кӯчаро интихоб мекунӣ? Метавонӣ соатҳо дар роҳе гардӣ, ки баъд аз он чизе дар хотират намемонад. Ё метавонӣ ба саҳифае ворид шавӣ, ки як ҷумлааш фикри туро дигар мекунад. Худи платформа на хуб аст ва на бад, он танҳо муҳит аст. Самти ҳаракатро корбар интихоб мекунад. Аз ин рӯ, Инстаграм барои муҳтавои омӯзишӣ ҷойи комилан муносиб аст, ба шарте ки дониш бо забони ҳамин муҳит пешниҳод шавад: кӯтоҳ, равшан, зебо ва ҷалбкунанда. 

- Ба фикри шумо чаро насли имрӯз нисбат ба матлабҳои омӯзишӣ бештар ба аксу наворҳои ҳаҷвӣ ва фароғатӣ таваҷҷуҳ мекунад? 

- Омӯхтани чизи нав аз майна нерӯ талаб мекунад. Барои фаҳмидан бояд таваққуф кунӣ, фикр кунӣ, баъзан баргардӣ ва дубора бихонӣ. Аммо навори ҳаҷвӣ подоши фаврӣ медиҳад: мебинӣ, механдӣ, допамин мегирӣ ва мегузарӣ. Ин лаззат тез меояд, вале зуд ҳам гум мешавад. Мушкил танҳо дар насли нав нест. Мо донишро тавре пешниҳод мекунем, ки гӯё ҷазо бошад: матни вазнин, забони хушк, тарҳи дилгиркунанда. Баъд ҳайрон мешавем, ки чаро наврас таблиғи нӯшокии энергетикиро аз таблиғи китоб бештар ба ёд меорад. Яке бо суръат, ранг, мусиқӣ ва ҳисси қудрат суҳбат мекунад; дигаре аксар вақт танҳо мегӯяд: «Инро бояд бихонӣ». Агар мехоҳем дониш пирӯз шавад, бояд барои диққати насли ҷавон рақобат кунем. Маълумотро бояд чунон пешниҳод намоем, ки чашмро ҷалб кунад, кунҷковиро бедор созад ва омӯзишро нишонаи қувват, ҳуш ва шараф нишон диҳад. 

Мусоҳиб 

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.