27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Садогузории филми таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” ба анҷом расид
Файзулло Файзов, коргардони филми таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” хабар дод, ки садогузории филми мазкур пурра ба анҷом расид.
“Боз як марҳилаи бисёр муҳим ва сарнавиштсоз дар офариниши филми таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” ба анҷом расид. Пас аз се моҳи кори пайваста ва шабонарӯзӣ, садогузории пурраи филм низ бо муваффақият анҷом ёфт”, - навишт ӯ дар саҳифаи Фейсбукаш.
Файзулло Файзов афзудааст, ки дар муддати се моҳ матни пурраи филм бар асоси тадвини ниҳоӣ аз нав таҳия гардид, муколамаҳои ҳунармандони ғайритоҷик тарҷума шуданд, студияи сабт барои кори касбӣ омода гардид, ҳамаи ҳунармандон аз нав интихоб ва даъват шуда, саҳнаҳои оммавӣ бо иштироки мардон, мӯйсафедон, занон ва кӯдакон дубора ҳисоб ва сабт гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” аз 1-уми августи соли 2025 то 5-уми феврали соли 2026 дар Тоҷикистон ва Узбекистон наворбардорӣ шуд. Интизор меравад, ки дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ филми мазкур ба намоиш гузошта шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”