Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳушдори Сипоҳи посдорон: Содироти энержӣ ё барои ҳама хоҳад буд ё барои ҳеч кас
Сипоҳи посдорони Эрон дар вокуниш ба муҳосираи дарёии бандарҳои Эрон аз сӯйи Амрико эълом кардааст, ки дар чунин шароит, содироти нафту газ “ё барои ҳама хоҳад буд ё барои ҳеч кас”.
Расонаҳои Эрон рӯзи чоршанбе, 15-уми июл, гузориш додаанд, ки Сипоҳи посдорон ҳушдор додааст, дар сурати идомаи муҳосираи дарёии Эрон, тамоми содироти энержӣ аз Ховари Миёнаро мутаваққиф хоҳад кард.
Ташдиди ҳамлаҳои мутақобили Эрон ва Амрико дар рӯзҳои ахир ва талоши ду кишвар барои эъмоли назорат бар тангаи Ҳурмуз, нигарониҳо аз густариши даргириҳо ба як ҷанги густурдаро афзоиш додааст.
Доналд Трамп зимни эъломи бозгашти муҳосираи дарёии Эрон, аз тасмими худ барои вазъи тарҳи 20-дарсадӣ бар киштиҳои убуркунанда аз тангаи Ҳурмуз низ хабар дода буд.
Бо ин ҳол, раиси ҷумҳури Амрико соатҳое пеш аз иҷрои дубораи муҳосира, бо ишора ба дархости муттаҳидони Вашингтон дар кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, аз иҷрои тарҳи дарёфти 20 дарсадӣ сарфи назар кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”