Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Раиси Комиссияи Аврупо барои музокира дар бораи узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо вориди Киев шуд
Урсула фон дер Ляйен, раиси Комиссияи Аврупо, барои музокира дар бораи ҳамкории дифоӣ, талоши Украина барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо ва омодагӣ ба зимистони оянда, вориди Киев, пойтахти Украина шуд.
Хабаргузории “Анадолӣ”, рӯзи чоршанбе, 15-уми июл, гузориш додааст, ки раиси Комиссияи Аврупо дар ҷараёни боздид аз Киев аз тарҳҳои нави дифоӣ рӯнамоӣ хоҳад кард.
Бар асоси гузориш, Урсула фон дер Ляйен гуфтааст, ки ибтикорҳои наверо барои тақвияти саноати дифоии Украина ва Аврупо эълом хоҳад кард ва дар бораи раванди пайвастани Украина ба Иттиҳоди Аврупо ва омодагӣ ба зимистон баҳс хоҳад намуд.
Ин сафар ҳамзамон бо Рӯзи истиқлоли Украина ва панҷумин нишасти Украина ва Аврупои Ҷанубу Шарқӣ дар Киев сурат мегирад, ки сарони бархе кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла раиси ҷумҳури Албания, Молдова, Руминия ва Сербия низ дар он ширкат мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад