Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Оғози таҳқиқоти Амрико алайҳи Аргентин ба иттиҳоми пулшӯйӣ
Амрико таҳқиқотеро ба иттиҳоми пулшӯйӣ дар Федератсияи футболи Аргентин оғоз кардааст.
Ба гузориши расонаҳои Амрико Бюрои федералии таҳқиқот (FBI) таҳқиқоти густурдаеро дар бораи фаъолиятҳои молии Федератсияи футболи Аргентин дар Амрико ба далели эҳтимоли рух додани пулшӯйӣ оғоз кардааст.
Айни ҳол маъмурон дар талошанд, ки чигунагии интиқоли манобеи молии Федератсияи футболи Аргентинро аз тариқи низоми молии Амрико баррасӣ кунанд ва мушаххас шавад, ки оё дар ин раванд ҷурме рух додааст ё хайр.
Аз охирҳои соли 2025 то аввалҳои соли ҷорӣ, ду аргентинӣ, аз ҷумла Фарунӣ, намояндаи собиқи Маҷлиси вилояти Буэнос-Айрес, дастикам садҳо миллион долларро аз тариқи суратҳисобҳое дар панҷ муассисаи молии Амрико ҷобаҷо кардаанд.
Ширкати амрикоии “TourProdEnter LLC” аз тариқи ин суратҳисобҳо ҳадди ақал 260 миллион доллар даромади Федератсияи футболи Аргентинро мудирият кардааст. Ҳамчунин, ҳудуди 57 миллион доллари дигар миёни ширкатҳо ва ашхоси мухталиф тавзеъ шудааст, ки бар асоси аснод, далели иқтисодии рӯшане барои ин пардохтҳо дида намешавад.
Ин ширкатҳо тибқи аснод ҳеч хидматрасонии мушаххас ва қобили шиносоӣ ироа накардаанд ва таҳти контроли афроде қарор доштаанд, ки аз кумакҳои давлати Аргентин истифода мекарданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”