27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Театри Маяковский хоҳишмандонро ба курси актёрӣ даъват мекунад
Қабули довталабон ба студияи таълимии Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский оғоз шуд.
Тавре ки намояндагони театри мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ҷавонони аз 16 то 20-сола, ки хоҳиши омӯхтани соҳаи актёриро доранд, метавонанд худро номнавис кунанд ва дар машғулиятҳо иштирок намоянд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни омӯзиш ҳунармандони театри мазкур ба хоҳишмандон маҳорати актёрӣ, нутқи саҳнавӣ ва ҳаракати саҳнавиро меомӯзонанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки пас аз хатми курси студияи таълимии Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский ба ҳар як хатмкунанда сертификат дар бораи гузаштани омӯзиш дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки студияи таълимии Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский солҳои зиёд аст, ки фаъол мебошад ва дар омода кардани кадрҳои актёрӣ саҳм мегузорад. Хатмкунандагони студияи театри мазкур ҳам дар театр кор мекунанд ва ҳам дар филмҳои гуногун нақш меофаранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”