Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия: Украина 340 паҳпод ба сӯйи Маскав партоб кард
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, эълом кардааст, ки Украина дар як шабонарӯзи гузашта 340 паҳпод ба сӯйи пойтахти Русия ва минтақаҳои атрофи он партоб кардааст.
Собянин рӯзи сешанбе, 14-уми июл, дар Телеграм навиштааст, ки бештари ин паҳподҳо тавассути сомонаҳои падофанди ҳавоии Русия пеш аз расидан ба шаҳр сарнагун шудаанд.
Ӯ афзудааст, ки беш аз 50 паҳпод дар масири расидан ба Маскав безарар карда шудаанд.
Собянин ҷузъиёти бештаре дар бораи хисороти эҳтимолии ин ҳамлаҳо ироа накардааст.
Ин дар ҳолест, ки Украина дар ҳафтаҳои охир ҳамлаҳои паҳподии худ алайҳи зерсохтҳои Русия, ба вижа таъсисоти вобаста бо саноати нафтро афзоиш додааст.
Аз сӯйи дигар, Русия низ дар рӯзҳои охир ҳамлаҳои паҳподӣ ва мушакии худ алайҳи шаҳри Киев, пойтахти Украинаро афзоиш додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”