Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сипоҳи посдорони Эрон аз ҳамла ба “маҳалли иқомати амрикоиҳо” дар Баҳрайн хабар дод
Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар баёнияе навишт, ки маҳалли иқомати шаҳрвандони амрикоӣ, инчунин, чанд анбори аслиҳа ва маркази иртибототи моҳвораии Иёлоти Муттаҳида дар Баҳрайнро ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ қарор додааст.
Хабаргузории “Тасним” рӯзи сешанбе, 14 –уми июл, гузориш додааст, ки ин ҳамла дар посух ба ҳамлаҳои артиши Иёлоти Муттаҳида ба Эрон анҷом дода шудааст.
Бар асоси гузориш, Сипоҳи посдорон гуфтааст, ки дар ин мавҷи ҳамлаҳои мушакӣ пойгоҳи Ҷуфайр дар Баҳрайн ҳадаф қарор гирифтааст.
Сипоҳи посдорон ҳамчунин, афзудааст, ки дар ҳамла ба ин пойгоҳ аз мушакҳои болистикӣ ва паҳподҳо истифода шудааст.
Ин дар ҳолест, ки дар чанд рӯзи ахир даргириҳои низомӣ миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳида шиддат гирифта, ҳар ду тараф ба мавқеъҳои якдигар дар Халиҷи Форс ҳамла анҷом додаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”