Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тоҷикстандарт: Дар Тоҷикистон беш аз 1,1 миллион кило маҳсулоти пастсифат ошкор шуд
Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Тоҷикстандарт”) хабар додааст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар кишвар 1 миллиону 164 ҳазору 596 килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифат ба қайд гирифта шудааст.
Дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфта шуд, ки дар озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ аз рӯйи сифат ва бехатарӣ 3590 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 54 ҳазору 522 килограмм равғани растанӣ, 91 ҳазору 500 килограмм орд, 13 ҳазору 596 килограмм маҳсулоти ғалладонагӣ, 30 ҳазору 861 килограмм консерва, 1306 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 13 ҳазору 480 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 4943 килограмм маҳсулоти қаннодӣ, 55 ҳазору 786 килограмм намак ва дигар маҳсулот ғайристандартӣ арзёбӣ шудаанд.
Масъулони Агентӣ ҳамчунин, иттилоъ доданд, ки дар шаш моҳи сипаришуда соҳибкорон 619 ҳазору 409 килограмм маҳсулоти гуногуни хӯроквории муҳлати истифодаашон гузаштаро ба анборҳои нигоҳдории Агентӣ супурдаанд.
Дар идома зикр гардид, ки аз аввали соли равон дар маҷмӯъ 121 ҳазору 460,2 тонна маҳсулот аз ташхиси сертификатсионӣ гузаронида шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”