Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
То 41+46° гармӣ ва омадани селҳои хусусияти пиряхидошта пешгӯӣ мешавад
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баландшавии ҳарорати ҳаво ва сар задани селҳои хусусияти пиряхидошта ҳушдор дод.
Манбаъ дар сомонаи расмии худ навиштааст, ки аз 15-ум то 18-уми июл дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, ҳарорати рӯзона дар ноҳияҳои водибуда то 41+46° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ то 33+38° гарм ва дар ноҳияи Дарвози ВМКБ то 39+41° гарм мешавад.
Афзуда мешавад, ки бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои хусусияти пиряхидошта пешгӯӣ мегардад.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар робита ба баланд шудани ҳарорати ҳаво, дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш баландшавии сатҳи об дар назар аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”