Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Рушди касбомӯзӣ. Беш аз 61 ҳазор кас ба омӯзиши касбҳои гуногун фаро гирифта шуданд
Тибқи иттилои Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар кишвар 61 ҳазору 125 нафар ба омӯзиши касбҳои гуногун фаро гирифта шуданд.
Зимни нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуда шуд, ки танҳо дар шаш маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ 12 ҳазору 222 нафар соҳиби касб гардида, соҳиби сертификати дорои стандарти байналмилалӣ шуданд.
Гуфта шуд, ки дар марказҳои касбомӯзӣ ба шаҳрвандон касбҳои роҳбалад, таъмиргари асбобҳои рӯзгор, пешхизмат, маъмури меҳмонхона, тарабхона, кафшергари газию барқӣ, таъмиргари техникаи кишоварзӣ, заргар, ошпаз, қаннод, андовачӣ, челонгари таҷҳизоти санитарию техникӣ ва мутахассис оид ба истифода ва хизматрасонии лифт омӯзонида мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло 52 маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир фаъолият дошта, дар онҳо шаҳрвандон аз рӯйи касбҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”