Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Путин: “Русия ба навсозии неруҳои мусаллаҳи худ идома медиҳад”
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфтааст, ки ин кишвар ба навсозии неруҳои мусаллаҳи худ идома медиҳад ва ҳамзамон ба дастовардҳои тозае дар саноати дифоӣ даст ёфтааст.
Хабаргузории “ТАСС” рӯзи душанбе, 13-уми июл, гузориш додааст, ки Путин ин изҳоротро дар нишасти “Ҳама чиз барои пирӯзӣ”, ки аз сӯи “Ҷабҳаи мардумӣ” баргузор шуда буд, баён кардааст.
Путин гуфтааст, ки бо вуҷуди фишорҳои кишварҳои ғарбӣ, Русия ҳамоно дар ҳоли таҳкими иқтисод, беҳбуди вазъи молиявӣ, навсозии неруҳои мусаллаҳ ва рушди саноати дифоии худ аст.
Ӯ ҳамчунин, таъкид кардааст, ки қудрати Русия дар тавоноии ин кишвар барои ғалаба бар душвориҳо нуҳуфтааст ва изҳори итминон кардааст, ки Маскав дар ҷанг бо Украина пирӯз хоҳад шуд.
Раиси ҷумҳури Русия дар бахши дигари суханонаш гуфтааст, ки ҳамлаҳои Украина мушкилоте дар таъмини фаровардаҳои нафтӣ дар Русия эҷод кардаанд, аммо ин вазъият тадриҷан беҳбуд хоҳад ёфт.
Ба гуфтаи ӯ, Русия дар ҳоли эҷоди шабакаи наве барои интиқоли таҷҳизот ва таъминот, аз ҷумла ба нимҷазираи Қрим, аст, то ин масирҳо камтар дар маърази ҳамлаҳо қарор гиранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”