27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
14.07.2026 07:16

Комиссари ҳуқуқи кӯдакони Русия: 346 кӯдак аз соли 2014 дар ҳамлаҳои Украина кушта шудаанд

Мария Лвова-Белова, комиссари ҳуқуқи кӯдакони назди раёсати ҷумҳури Русия, иддао кардааст, ки аз соли 2014 то кунун 346 кӯдак дар ҳамлаҳои Украина кушта ва як ҳазору 606 кӯдаки дигар захмӣ шудаанд.

Хабаргузории “ТАСС” шаби душанбе, 13-уми июл, гузориш додааст, ки Лвова-Белова гуфтааст ҳамарӯза гузоришҳое дар бораи кӯдакони кушташуда ва захмӣ дар натиҷаи ҳамлаҳои тӯпхонаӣ ва паҳподӣ дарёфт мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, бар асоси маълумоти Додситонии кулли Русия, садҳо кӯдак дар ҷараёни даргириҳои Украина аз соли 2014 то кунун осеб дидаанд ва беш аз 700 кӯдаки захмӣ низ кумаки молӣ дарёфт кардаанд.

Комиссари ҳуқуқи кӯдакони Русия, ҳамчунин, иддао кардааст, ки шуморе аз кӯдакони паноҳҷӯи украинӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо нақзи ҳуқуқ ва озору азият рӯбарӯ шудаанд.

Иддаоҳои матраҳшуда аз сӯйи мақоми Русия дар ҳоле аст, ки ҷанги Украина аз соли 2022 то кунун идома дорад ва ҳар ду ҷониби даргирӣ якдигарро ба ҳадаф қарор додани ғайринизомиён муттаҳам мекунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.