Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Гутерриш: “Танҳо 36 дарсади ҳадафҳои рушди устувор дар масири пешрафт қарор дорад”
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, гуфтааст, ки танҳо 36 дарсади ҳадафҳои рушди устувор дар масири дуруст қарор доранд ё ба пешрафти қобили таваҷҷуҳ даст ёфтаанд.
Гутерриш шаби душанбе, 13-уми июл, дар шабакаи “Х” навиштааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои суръат бахшидан ба раванди пешрафт дар заминаи ҳадафҳои рушди устувор, талошҳои худро афзоиш диҳад.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид таъкид кардааст, ки расидан ба ин ҳадафҳо ниёзманди роҳбарӣ, таъмини молиявӣ ва ҳамбастагии бештари миёни кишварҳо аст.
Ӯ афзудааст, ки ҳамкории ҷаҳонӣ метавонад заминаи сохтани ояндаи равшантареро барои ҳамагон фароҳам кунад.
Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид маҷмуае аз барномаҳо дар заминаи мубориза бо фақр, беҳбуди омӯзиш, коҳиши нобаробарӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини некӯаҳволии иҷтимоӣ то соли 2030-ро дар бар мегиранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”