Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Теъдоди нашъамандон каму ҷинояти муомилоти маводи мухаддир афзудааст
Имрӯз, 13-уми июл зимни нишасти хабарии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки ҷинояти муомилоти маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ афзудааст.
Ба қавли манбаъ, дар нимсолаи сипаригардида 592 ҳолати хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ба қайд гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин давра дар кишвар 2 тоннаву 963 килограмм маводи нашъадор мусодира гардид, ки нисбат ба соли гузашта 143 килограмм (5%) камтар аст.
Дар нишасти хабарӣ қайд гардид, ки дар кишвар 3 ҳазору 959 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки 111 кас зан аст.
Бинобар иттилои Зафар Самад, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди нашъамандон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43 кас ё 1.1% кам шудааст.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар шаш моҳи сипаришуда 40 бемори нашъаманд, аз ҷумла як зан, фавтиданд. Аз ин миён, танҳо як ҳолати марг бар асари аз меъёр зиёд истеъмол кардани маводи мухаддир сабт шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”