Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Давлаталӣ Саид ва Ян Сисюн масъалаи рушди ҳамкорӣ дар бахши кишоварзиро баррасӣ карданд
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо раиси Шӯрои директорони ширкати Shaanxi Apple Group Co., Ltd. Ян Сисюн мулоқот намуд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳоро дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла ташкили боғҳои муосири интенсивии себ, истеҳсоли ниҳолҳои баландсифат, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи агросаноатӣ, инчунин, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти боғдорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки зимни мулоқот раиси вилояти Хатлон таъкид намуд, ки вилояти Хатлон бо доштани иқлими мусоид, заминҳои ҳосилхез ва имкониятҳои васеи рушди соҳаи боғдорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ шароити муносиб фароҳам овардааст.
Дар ин росто, Ян Сисюн аз омодагии ширкати Shaanxi Apple Group Co., Ltd. барои рушди ҳамкориҳои амалӣ бо вилояти Хатлон изҳори назар намуда, таҷрибаи ғании ширкатро дар самти парвариши навъҳои серҳосили себ, ташкили боғҳои интенсивӣ ва истифодаи технологияҳои муосири агросаноатӣ муаррифӣ кард.
“Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак метавонад ба рушди соҳаи боғдорӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин саҳми назаррас гузорад”, - афзудааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”