Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия аз ҳамла ба бандари Черноморски Украина хабар дод
Вазорати дифои Русия аз ҳамла ба бандари Черноморски Украина хабар дода ва иддао кардааст, ки дар ин ҳамла таъсисоти низомии мавриди истифодаи артиши Украина ҳадаф қарор гирифтааст.
Хабаргузории “ТАСС” рӯзи душанбе, 13-уми июл, гузориш додааст, ки ин ҳамла шаби гузашта аз сӯйи неруҳои мусаллаҳи Русия анҷом шудааст.
Бар асоси гузориш, Вазорати дифои Русия гуфтааст, ки дар ин ҳамла аз силоҳҳои ҳидоятшавандаи дурбурд ва паҳподҳо истифода шудааст.
Русия иддао кардааст, ки дар ин ҳамлаҳо махзанҳои захираи сӯзишворӣ, анборҳои муҳиммот ва таслиҳоти мушакӣ, инчунин, як маркази назорати ҳамлу нақли контейнерии Украина ҳадаф қарор гирифтаанд.
Бо ин ҳол, Русия аз чаҳор сол ба ин сӯ ҳамлаҳои густурдаи низомиро дар хоки Украина оғоз кардааст, аммо то кунун муваффақ нашудааст давлати ин кишварро сарнагун кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”