Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Аврупо дар мавҷи гармои ахир беш аз 10 ҳазор марги изофиро сабт кард
Иттилооти ниҳоди мониторинги маргу мири Аврупо нишон медиҳад, ки кишварҳои аврупоӣ дар ҷараёни мавҷи гармои ахир дар поёни моҳи июн, 10 ҳазору 650 мавриди марги изофиро сабт кардаанд, ки аксарияти онҳо ба нафарони аз 65-сола боло марбут мешавад.
“Рейтерз” рӯзи душанбе, 13-уми июл, гузориш додааст, ки беш аз 9 ҳазор мавриди марг бар асари мавҷи гармо дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ба афроди солхӯрда рост меояд.
Бар асоси гузориш, донишмандон гуфтаанд, ки мавҷи гармои поёни моҳи июн бидуни тағйироти иқлимии бархоста аз фаъолияти инсон, ки мавҷҳои гарморо бештар ва шадидтар мекунад, “амалан ғайриимкон” будааст.
Мавҷи гармои шадид дар поёни моҳи июн манобеи барқро вайрон кард, мактабҳоро таътил ва рекордҳои ҳароратро дар Фаронса, Испания ва Британия шикаст.
Ниҳоди мониторинги маргу мири Аврупо омори марги аз ҳад зиёдро барои ҳар як кишвар мунташир накардааст, аммо хотирнишон сохтааст, ки Фаронса ва Белгия танҳо ду кишвар дар Аврупо буданд, ки дар ҳафтаи охири июн маргу мири “бисёр бештар аз ҳад”-ро сабт кардаанд.
Бо ин ҳол, афзоиши гармшавии глобалӣ, ки бар асари фаъолияти саноатии инсонҳо ба вуҷуд омадааст, ба яке аз чолишҳои ҷиддӣ барои кураи Замин табдил шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”