Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вазорати хориҷии Эрон: Амрико ҳамаи бандҳои тафоҳумномаи сулҳро нақз кард
Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар баёнияе зимни маҳкум кардани ҳамлаҳои ахири Амрико ба минтақаҳое дар ин кишвар, Вашингтонро ба нақзи тамоми бандҳои тафоҳумномаи Исломобод гунаҳкор донист.
Хабаргузории ИРНА рӯзи душанбе, 13-уми июл, гузориш дод, ки ин вазорат ҳамлаҳои Амрико ба Эронро нақзи усули бунёдии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид хонд.
Бар асоси гузориш, Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, ки ин ҳамлаҳо ҳамаи талошҳои чанд моҳи ахирро барои коҳиши таниш ва барқарории оромиш дар минтақаи Ғарби Осиё бенатиҷа кардааст.
Дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон ҳамчунин, Иёлоти Муттаҳидаро “ҷиноятҳои ҷангӣ” хондааст.
Ин дар ҳолест, ки танишҳои рӯзафзуни миёни Эрон ва Амрико дар рӯзҳои ахир ба даргирии низомӣ дар тангаи Ҳурмуз сабаб шуда ва тиҷорати дарёиро дар ин танга маҳдуд кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”