Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Аз хонаву мактабу беморхона то роҳу обу барқ. Сел дар Дарғ ва Каздон зарари зиёд расонид
11-ум ва 12-уми июл дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ сел омада, ба хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, заминҳои кишоварзӣ ва якчанд иншооти муҳими иҷтимоӣ зарар расонид.
Тавре ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ иттилоъ медиҳад, дар пайи сар задани сел дар деҳаҳои Дарғ ва Каздон ба роҳҳои мошингард ва пиёдагард, хатҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ, роҳҳои соҳили дарё, ҷӯйборҳо, боғҳо ва кишти зироати кишоварзӣ зиён расидааст. Аз ҷумла, 11 мошини сабукрав, як мошини боркаши тамғаи «КамАЗ», гирду атрофи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и деҳаи Каздон, беморхонаи минтақавии деҳаи Дарғ, мағозаҳои хӯрокворӣ ва дигар молу мулки шаҳрвандон аз сел осеб диданд.
Гуфта мешавад, ки бар асари ин ҳодисаи табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Тибқи иттилои дастрас, ҳоло дар деҳаҳои Дарғу Каздон корҳои барқарорсозӣ ва ба эътидол овардани маҷрои оби дарёи Дарғу Каздон бо суръати баланд идома дошта, барои ҳарчи зудтар бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ тамоми имконияту захираҳо сафарбар гардидаанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ба ҷуз сохторҳои марбута, инчунин, садҳо сокини деҳаҳои Дарғу Каздон саҳм мегузоранд. То ин дам, дар ҷараёни корҳои барқарорсозӣ шабакаҳои интиқоли неруи барқ, хатҳои оби нӯшокӣ ва роҳҳои асосии мошингард пурра барқарор гардида, ҳаракати нақлиёт ва таъминоти аҳолӣ бо хизматрасониҳои аввалиндараҷа ба эътидол оварда шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”