27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
13.07.2026 10:02

Эрон дар ҳамлаҳои ҷавобӣ ба пойгоҳҳои ҳавоии Кувайт ҳамла кард

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон хабар дод, ки дар ҳамла ба ду пойгоҳи ҳавоӣ дар Кувайт, чандин таъсисоти низомӣ, аз ҷумла тонкерҳои сӯзишворӣ ва сомонаҳои дифои ҳавоии “Патриот”-ро ҳадаф қарор додааст.

Сипоҳи Посдорон шаби якшанбе, 12-уми июл, дар баёнияе гуфтааст, ки ин ҳамлаҳо тавассути неруҳои ҳавофазо ва дар марҳилаи сеюми амалиёти “Чашм дар баробари чашм” дар вокуниш ба таҷовузи низомии Амрико алайҳи Эрон анҷом шудааст.

Бар асоси баёнияи Сипоҳ, дар ин ҳамлаҳо пойгоҳи ҳавоии Алӣ ас-Солим ва пойгоҳи ҳавоии Аҳмад ал-Ҷобир ҳадаф қарор гирифта, тонкерҳои сӯзишворӣ, сомонаҳои дифои ҳавоии “Патриот” ва як сомонаи роҳбурдии радарӣ осеб дидаанд.

Сипоҳи Посдорон гуфтааст, ки ин амалиёт ҳамчунон идома дорад, аммо дар бораи замони дақиқи ҳамлаҳо ва мизони хисороти он ҷузъиёти бештаре ироа накардааст.

Ин ниҳод ҳамчунин, ба Амрико дар бораи идомаи ҳузури низомӣ дар тангаи Ҳурмуз ҳушдор дода ва гуфтааст, ки Эрон иҷозаи идомаи “мудохилаи низомии хориҷӣ”-ро дар ин оброҳ нахоҳад дод.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.