Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
ФИФА эҳтимоли зиёд шудани тимҳои Ҷоми ҷаҳонии 2030 ба 64 тимро баррасӣ мекунад
Ҷанни Инфантино, раиси Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), гуфтааст, ки имкони афзоиши шумори тимҳои ширкаткунанда дар Ҷоми ҷаҳонии 2030 аз 48 ба 64 тим баррасӣ хоҳад шуд.
Инфантино рӯзи якшанбе, 12-уми июл, дар гуфтугӯ бо расонаи “Блювин” гуфтааст, ки ин мавзуъ пас аз поёни Ҷоми ҷаҳонии 2026 дар кумитаҳои марбут баррасӣ ва дар бораи он тасмимгирӣ хоҳад шуд.
Ӯ афзудааст, ки Ҷоми ҷаҳонӣ бояд барои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бошад, на танҳо Аврупо ва Амрикои Ҷанубӣ ва ҳар кишвар бояд фурсати ҳузур дар ин рақобатҳоро дошта бошад.
Раиси ФИФА гуфтааст, ки сатҳи футбол дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар ҳоли афзоиш аст ва агар ба кишварҳои хурдтар фурсати ҳузур дар Ҷоми ҷаҳонӣ дода нашавад, ангезаи онҳо барои пешрафт коҳиш хоҳад ёфт.
Ҷоми ҷаҳонӣ то соли 2022 бо ҳузури 32 тим баргузор мешуд, аммо рақобатҳои соли 2026 нахустин давраест, ки бо ҳузури 48 тим баргузор мешавад.
Инфантино зиёд шудани шумори тимҳо дар Ҷоми ҷаҳонии 2026-ро “муваффақияти бузург” хонда ва гуфтааст, ки тимҳое аз ҳамаи қораҳо дар ин рақобатҳо бозии хубе доштаанд.
Қарор аст Ҷоми ҷаҳонии 2030 дар чанд кишвар ва қора баргузор шавад.
Се дидори нахусти ин рақобатҳо дар Уругвай, Аргентина ва Парагвай баргузор хоҳад шуд ва идомаи бозиҳо дар Марокаш, Португалия ва Испания мизбонӣ мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”