Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сӯхтор дар як қаҳвахона дар Бангкок 27 кушта бар ҷой гузошт
Мақомҳои Таиланд эълом кардаанд, ки дар пайи оташсӯзӣ дар як қаҳвахона дар шаҳри Бангкок, пойтахти ин кишвар, 27 тан ҷон бохта ва 63 тани дигар захмӣ шудаанд.
Анутхин Чанвиракун, нахуствазири Таиланд, шаби якшанбе, 12–уми июл, пас аз боздид аз маҳалли рӯйдод гуфтааст, ки аз миёни захмиён, 22 тан дар вазъияти буҳронӣ қарор доранд.
Ба гуфтаи ӯ, сӯхтор нимашаби якшанбе оғоз шуда ва дуд зуд фазои қаҳвахонаро фаро гирифт.
Ӯ афзудааст, ки шуморе аз муштариён барои фирор ба қисмати ақиби бино рафта будаанд, аммо натавонистаанд аз маҳал хориҷ шаванд.
Суриячай Равиван, мудири Идораи пешгирӣ ва коҳиши ҳаводиси шаҳрдории Бангкок, гуфтааст, ки то кунун 27 ҷасад аз маҳалли рӯйдод берун кашида шуда ва маҷруҳон ба шифохонаҳо интиқол дода шудаанд.
Мақомҳои Таиланд гуфтаанд, ки сабаби ин сӯхтор ҳанӯз мушаххас нест ва полис таҳқиқоти худро дар ин замина оғоз кардааст.
Ин рӯйдод яке аз маргбортарин оташсӯзиҳои солҳои ахир дар Таиланд ба шумор меравад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”